Тартиби гирифтани иҷозати кор дар Русия
1. Ҳангоми ворид шудан ба қаламрави Русия корти мигратсиониро гирифта пур кардан лозим аст. Онҳо ба тариқи ройгон (бепул) аз тарафи сарҳадчиён, стюардессаҳо, роҳбаладони қатора дода мешаванд.
2. Корти мигратсионӣ бо забони русӣ пур карда мешавад. Агар шумо забони русиро надонед, пур кардани он бо ҳарфҳои алифбои лотинӣ иҷозат аст. Ҳарду қисми корти мигратсионӣ бояд пур карда шавад.
3. Дар сатри мақсади вуруд дар зери калимаи “кор кардан” хат кашед.
4. Ҳангоми гузаштани сарҳад, як қисми корти мигратсионӣ - "А" дар дасти сарҳадчӣ боқӣ мемонад ва қисми дигар - "В" ба шумо баргардонида мешавад. Дар тарафи қафои қисми "В" сарҳадчиён бояд мӯҳрро бо санаи убури сарҳади Русия гузоранд.
5. Пас аз вуруд ба Русия ба шумо лозим аст, ки дар муддати 3 рӯзи корӣ ба қайди мигратсионӣ гузоред. Барои ин шиноснома ва корти мигратсионӣ лозиманд. Мо метавонем ба шумо кӯмак кунем.
6. Барои гирифтани иҷозатномаи кор, шаҳрванди хориҷӣ бояд корти пластикии ХФМ Русияро гирад. Мо ба шумо кӯмак мекунем.
Аз шумо талаб карда мешавад:
- Шиноснома
- Корти мигратсионӣ бо нишондоди бақайдгирӣ;
- Сурати рангаи шумо бо андозаи 3х4 (дар коғази беҷило) - 2 дона.;
- Якчанд шаҳодатномаи тиббӣ оиди касалиҳои хавфнок надоштани шумо
- Баъзе ҳуҷҷатҳои дигар.
Рӯйхат ва намунаҳои ҳуҷҷатҳо, инчунин тартиби пешниҳоди онҳо ба Хадамоти федералии муҳоҷират доим тағир меёбад. Аз мутахассисони Russian International Manpower маслиҳат гиред, ва мо ба шумо кумак мекунем , ки бе ҳеҷ гуна душворӣ ва дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ҳуҷҷатҳоро барои гирифтани иҷрозатномаи кор дар Маскав ва вилояти Маскав ба расмият дароред.
Телефон (495) 916-86-28
Диққат: мо танҳо бо забони русӣ сухан мегӯем!
Русия ба на камтар аз як миллион муҳоҷир эҳтиёҷ дорад
савол диҳед
|